Раиси маҷлис: Иқдоми дур аз адаби сафирони Русия ва Британия пайгирӣ шавад
(last modified 2021-08-12T06:19:55+00:00 )
Август 12, 2021 11:19 Asia/Dushanbe
  • Раиси маҷлис: Иқдоми дур аз адаби сафирони Русия ва Британия пайгирӣ шавад

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аз Вазорати умури хориҷа хост, иқдоми дур аз адаби сафирони Русия ва Британия дар Теҳрон пайгирӣ шавад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Иқдоми дур аз адаби дипломатӣ ва номуносиби сафирони ду кишвари Русия ва Британия дар Теҳронро бояд ба суръат Вазорати хориҷа пайгирӣ кунад.

Қолибоф дар вокуниш ба акси муштараки сафири Русия ва Британия барои ёдоварии конфронси истеъмории соли 1332 Теҳрон, дар сафҳаи твиттери худ навишт: Ҳар ду сафир бояд фавран ба таври расмӣ бобати иқдоми анҷомшуда узрхоҳӣ кунанд дар ғайри ин сурат вокуниши қотеи дипломатӣ зарурӣ хоҳад буд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон низ аз иқдоми сафирони Русия ва Британия дар Теҳрон, дар интишори акси тавҳиномез ба шиддат интиқод кард.

Саймон Шерклиф, сафири ҷадиди Британия дар Теҳрон ба сафорати Русия дар Теҳрон рафта ва дар ҳамон маҳалле, ки Франклин Рузвелт, раиси ҷумҳурии Амрико, Уинстон Черчилл, нахуствазири Британия ва Иосиф (Жозеф) Сталин, раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар даврони ҷанги ҷаҳонии дувум конфаронси Теҳронро бидуни итилои Эрон баргузор карданд, бо сафири феълии Русия дар Теҳрон акси ёдгорӣ гирифтааст.

 

Бештар бихонед: