Сафари вазири хориҷаи Ироқ ба Теҳрон: Ройзанӣ дар чорчӯби аҳдофи дуҷонибаву минтақаӣ
(last modified Thu, 12 Aug 2021 07:04:14 GMT )
Август 12, 2021 12:04 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазири хориҷаи Ироқ дар чорчӯби аҳдофи дуҷонибаву минтақаӣ дар Теҳрон
    Ройзании вазири хориҷаи Ироқ дар чорчӯби аҳдофи дуҷонибаву минтақаӣ дар Теҳрон

Сафари Фуод Ҳусайн, вазири умури хориҷаи Ироқ ба Теҳрон ва дидорҳои вай бо мақомҳои Эрон, ба вижа раиси ҷумҳурии Эрон аз сӯйи нозирони сиёсӣ ба унвони сафаре муҳим арзёбӣ шудааст.

Давлати Ироқ дар садад аст поёни моҳи ҷории мелодӣ (август) нишасте бо ҳузури мақомоти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон, Сурияву Туркия ва эҳтимолан чанд кишвари фароминтқаӣ баргузор кунад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Фуод Ҳусайн, вазири умури хориҷаи Ироқ бо ташаккур аз даъвати Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ барои ширкат дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Ироқ гуфт: Иқдоми Ироқ барои баргузории ин нишаст иқдоми мубораке аст.

Вазири умури хориҷаи Ироқ ҳам дар ин дидор бо ишора ба ин ки амнияти пойдор дар минтақа бидуни ҳузури Эрон ва Ироқ шакл нахоҳад гирифт, хотирнишон кард: Баргузории ин нишаст эҷоди заминаӣ барои гуфтугӯи кишварҳои минтақа бо якдигар дар ҷиҳати ҳусули тафоҳуми ҷамъӣ дар минтақа аст.

Дар хусуси аҳамияти ин сафар ва ройзаниҳои вазири хориҷаи Ироқ бо мақомҳои Эрон, ба назар мерасад ҳадафи нахуст иртиқои равобити ду кишвари ҳамсоя бо тавваҷуҳ ба роҳбурдӣ будани равобити Эрону Ироқ ва ба вижа нақши муассири Эрон дар кумак ба ҳалли масоил ва мушкилоти Ироқ аст.

Абдурризо Фараҷирод, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ҳадафи дигари сафари Фуод Ҳусайн ба Теҳрон, илова бар даъват аз раиси ҷумҳур барои ширкат дар нишасти амниятӣ, иттилоъ аз рӯйкарди давлати ҷадиди Эрон нисбат ба равобити ду кишвар аст.

Аднон Ассироҷ, таҳлилгари масоили сиёсии Ироқ низ дар таҳлили аҳдофи ин сафар муътақид аст, ки Бағдод талош дорад авзоъро миёни Эрону Амрико ором кунад ва тамоюл дорад, ки Вашингтон ба БарҶоам бозгардад.

Вай мегӯяд: Эҷоди авзои ором ва бозгашт ба тавофуқот ба сӯди Ироқ аст, зеро дар ин сурат Ироқ низ аз фишорҳои Амрико дар робита бо воридоти энержӣ ва барқу дигари маворид ва ҳамчунин табодулоти моливу ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ бо Эрон озод хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳадафи куллии ин сафар талош барои ёфтани роҳи ҳалҳои дипломатӣ барои таҳаққуқи суботу амният дар минтақа аст.

Ин сафар дар шароите анҷом шуд, ки Бағдод тайи чанд моҳи ахир шоҳиди муҳимтарин ва шояд ҳассостарин рухдодҳои байналмилалӣ ва таҳаввулоти минтақаии худ будааст. Гуфтугӯҳои роҳбурдӣ байни Бағдод – Вашингтон, ки Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ бо ҳайате баландпоя онро намояндагӣ кард,  муҳимтарин рухдод дар буъди сиёсати хориҷии ин кишвар буд. Ироқ бо тавваҷуҳ ба рухдодҳои амниятии минтақаӣ дар чанд соли ахир қатъан наметавонад мизбони нерӯҳои амрикоӣ бошад, ки муттаҳами аслии эҳёии ДИИШ ва омили террори фармондеҳони меҳвари муқовимат ҳастанд.

 

 

Хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ акнун ба мутолибаи ҳуқуқӣ табдил шудаву порлумони Ироқ онро тасвиб кардааст. Аз ин рӯ, интизор меравад тавофуқномае, ки байн Байден ва Алкозимӣ дар бораи поёни маъмурияти ҷангии Иёлоти Муттаҳида то авохири соли 2021 имзо шуд, натоиҷи худро дар амал низ нишон диҳад. Аз тарафи дигар, Бағдод бояд ба равобити минтақаии худ ба созандатарин шакли мумкин идома диҳад ва аз масири эътидолу ҳамгироӣ хориҷ нашавад.

Табиист, ки Эрон ҳамвора нисбат ба рафъи мушкилоти Ироқ ҳассос будааст ва пешрафти Ироқро рушду пешрафти худ медонад. Бар асоси ин дидгоҳ, Теҳрон эълом кардааст, ки аз ҳар навъ ибтикори сиёсӣ ва амниятӣ бо кишварҳои ҳамсоя барои коҳиши танишу барқарории субот дар минтақа истиқбол мекунад. Изҳороти Иброҳими Раисӣ дар дидори вазири хориҷаи Ироқ дар ин замина паёми ошкор ва шаффофе дорад.

Раисӣ гуфт: Эрон ҳамон гуна, ки гуфтугӯи байни кишварҳои минтақа барои ҳаллу фасли масоили фимобайн ва беҳбудии равобитро амниятсозу суботсоз медонад, дахолати бегонагон дар умури минтақаро низ танишзову таҳдидзо талаққӣ мекунад. Аз нигоҳи Эрон, ҳамкорӣ ва ҳамафзоии кишварҳои минтақа бидуни дахолати бегонагон, шарти лозим барои пойдории амният, барқарории оромиш ва таъмини рифоҳ барои миллатҳои минтақа аст.

 

Бештар бихонед: