Август 12, 2021 12:47 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии сафорати Русия дар Теҳрон дар пайи вокунишҳо ба як акси ҷанҷолбарангез

Сафорати Русия дар Эрон дар твитте дар пайи вокунишҳо ба як акси ҷанҷолбарангез узрхоҳӣ кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, сафорати Русия дар Эрон имрӯз-  панҷшанбе дар твитте ба бозтоби манфии интишори аксе аз дидори сафирони Русия ва Британия вокуниш нишон дод ва узрхоҳӣ кард.

Интишори аксе аз дидори сафирони Британия ва Русия дар сафорати ин кишвар дар Теҳрон, ки бархе аз корбарон онро ба навъе ёдовари тасвире аз дидори раҳбарони Амрико, Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ва Британия дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дувум дониста буданд, бо вокуниши ҷиддии мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон мувоҷеҳ шуд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ин иқдомро дур аз адаби дипломатӣ донисту хостори узрхоҳии расмӣ шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар твитте навишт: Лозим аст ба ҳама ёдоварӣ кунам, ки августи 2021 на августи 1941 ва на декабри 1943 мелодӣ аст.

Зариф дар идома навишт: Мардуми Эрон аз ҷумла дар ҷараёни музокироти БарҶом нишон доданд, ки сарнавишти онҳо ҳаргиз наметавонад тобеи тасмимоти сафоратхонаҳои хориҷӣ ё қудратҳои хориҷӣ бошад.

 

Бештар бихонед: