Август 14, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Хариди 30 миллион доза ваксина қатъӣ шудааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона эълом кард, хариди 30 миллион доза(воя) ваксина қатъӣ шудааст.

Саидиброҳими Раисӣ имрӯз (шанбе) дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона бо таъкид бар инки барои кантрол ва таваққуфи шуюи корона ҳатман бояд як азм ва иҷмои миллӣ эҷод шавад, гуфт, ҳамаи бахшҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, шахсиятҳои ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳамаи мардум бояд барои кантроли вазъияти шуюи ин вируси хатарнок, ҳамоҳанг ва ҳамсадо бошанд.

Вай афзуд, барои эҷоди ин ҳамсадоӣ ва ҳамоҳангӣ бояд бо табйин ва ташреҳи абъоди мухталифи ин муъзал ҳам дар Эрон ва ҳам дарӯ дигар кишварҳо, мардумро барои муқобилаи ҳамаҷониба ва қотеъ бо корона омода кард.

Раисӣ, иқдоми зарурӣ ва муҳими баъдиро тасреъ дар раванди ваксинатсия унвон карду зимни эъломи хабари қатъӣ шудани воридоти 30 миллион доз воксан, гуфт, назари коршиносон бар ин аст, ки барои кантроли вазъияти номатлӯби шуюи корона дар кишвар, бояд 60 миллион дози дигар, воксан таъмин шавад.

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки басанда кардан ба тадвину эъломи протоколҳои беҳдоштӣ ба танҳоӣ, кофӣ нест, гуфт, бояд барои лузӯми риояти дастӯруламалҳои беҳдоштӣ, илзомоте тадвин ва иҷро шавад, чаро ки риояти протоколҳои беҳдоштӣ ҷузви ҳуқуқи иҷтимои оммаи мардум аст ва агар касе ин дастӯротро риоят накунаду боиси беморӣ мардум шавад, ба ҳуқуқи онҳо тааддӣ кардааст.

Раисӣ ҳамчунин бар лузӯми муроқибати шадидтар аз тараддудҳои марзӣ ва ҷилавгирӣ аз тараддудҳои ғайримуҷоз таъкид кард ва гуфт, ончӣ токунӯн дар ин замина анҷом шуда лозим, аммо нокофӣ буда ва бояд бар риояти завобити беҳдоштӣ дар тараддудҳои муҷоз низ назорати дақиқу муассир анҷом шавад.

Раисиҷумҳури Эрон тақвияту афзоиши ихтиёроти раисони ситодҳои устонии муқобила бо коронаро аз дигар тасмимоти ҷаласаи имрӯз баршумурд ва гуфт, муқарар шуд ихтиёроти устондорон ба унвони риаисони ситодҳои устонӣ мутаносиб бо илзомоти маҳори шуюи беморӣ дар устонҳои мухталиф афзоиш ёбад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп