Ироқчӣ: Боҷхоҳии Британия аз Эрон ҳаргиз иттифоқ нахоҳад афтод
Муовини вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, Британия талош мекунад барои пардохти қарзҳои худ ба Эрон, ки беш аз чиҳил сол ба таври ғайриқонӯнӣ нигоҳ доштааст, аз Эрон боҷхоҳӣ кунад.
Саидаббоси Ироқчӣ, дар паёме дар посух ба “твитт"-и Борис Ҷонсон, нахуствазири Британия навишт: “Британия талош мекунад барои пардохти қарзҳои худ ба Эрон, ки беш аз чиҳил сол ба таври ғайриқонӯнӣ нигоҳ доштааст, аз Эрон боҷхоҳӣ кунад, аммо ин ҳаргиз иттифоқ нахоҳад афтод”.
Ироқчӣ дар идомаи ин паём навишт, аз назари Эрон ҳануз тавофуқ побарҷо аст.
Саидаббоси Ироқчӣ дар идома таъкид кард, замони он расидааст, ки Британия кори дурустро анҷом диҳаду иҷоза надиҳад Амрико ин табодули инсониро тахриб кунад.
Нахуствазири Британия, бо интишори паёме дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” бо иддаои иштибоҳ будани ҳабси Нозанини Зоғарӣ, шаҳрванди эронӣ – бритониёӣ, ки ба иттиҳоми ҷосӯсӣ муҳокима ва боздошт шудааст, хостори озодии вай ва соири зиндониёни душаҳрвандии эронӣ-бритониёӣ дар Эрон ва бозгашти онҳо ба хона шуда буд.
Нозанини Зоғарӣ, дар соли 2017 ба иттиҳоми ҷосӯсӣ дар Эрон боздошт ва зиндонӣ шуд.
Бештар бихонед :