Август 17, 2021 16:10 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Сафорати Эрон дар Кобул ва Сарконсулгарӣ дар Ҳирот фаъол ҳастанд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, ки сафорати Эрон дар Кобул ва Сарконсулгарии Эрон дар Ҳирот боз ва фаъол ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз (сешанбе) дар бораи боз будани сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ва ҳамчунин Сарконсулгарии Эрон дар шаҳри Ҳирот гуфт, ки ҳам сафорат дар кобул ва ҳам Сарконсулгарии дар Ҳирот комилан боз ва фаъол ҳастанд.

Вай пеш аз ин низ зимни ибрози нигаронӣ аз ташдиди хушунатҳо дар Афғонистон, бар тавваҷуҳи ҷиддии Толибон дар таъмини амнияту саломати комили дипломатҳо ва маконҳои дипломатӣ дар Ҳирот таъкид карда буд.

Хатибзода таъкид карда буд, вазорати умури хориҷаи Эрон ба таври мустамар бо кадри дипломатии мустақар дар сафорат ва Консулгарии худ дар Кобулу Ҳирот дар тамос буда ва батаври мудовим таҳаввулотро расад мекунад.

Бештар бихонед:

Барчасп