Август 20, 2021 15:36 Asia/Dushanbe
  • Тими гуштии озоди ҷавонони Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуд

Тими гуштии озоди ҷавонони Эрон бо касби 5 медали тилло, як нуқра ва як бронз муқтадирона қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Ба гузориши ИРНА, рақобатҳои гуштии озоди қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон рӯзи душанбе дар шаҳри Уфаи Русия баргузор шуд ва дар поён тими Эрон бо касби 5 медали тилло, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ва 178 имтиёз, бо иқтидор қаҳрамониро аз они худ кард. Пас аз Эрон, Русия ва Амрико бо 142 ва 129 имтиёз дувум ва сеюм шуданд.

 

Бештар бихонед: