Август 20, 2021 18:12 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бо фавти 555 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид -19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба сад ҳазору 810 нафар расид.

Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе эълом кард: Аз дирӯз то имрӯз (20 августи 2021) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 28 ҳазору 833 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 4 ҳазору 64 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар кишвар ба 4 миллиону 616 ҳазору 516 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия афзуд: То кунун се миллиону 868 ҳазору 196 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо, вируси корона то кунун беш аз 210 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 4 миллиону 419 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп