Август 20, 2021 19:59 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солгарди шаҳодати имом Саҷҷод (а)

Шанбеи 12 муҳаррами 1443 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 21 августи 2021, солгарди шаҳодати имом Зайнулобидин, мулаққаб ба «Саҷҷод», фарзанди имом Ҳусайн (а) ва аз наводагони поки расули Худо (с) аст.

Имом Зайнулобидин (а), имоми чаҳоруми шиаёни ҷаҳон дар соли 38 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд. Эшон дар давроне мезистанд, ки бар хонадони паёмбари Ислом (с) бисёр сахт мегузашт.

Имом Саҷҷод (а), ки дар воқеаи Карбало дар бистари беморӣ буданд, пас аз наҳзати азими имом Ҳусайн (а), масъулияти сангини интишори паёми ин наҳзат ва идомаи роҳи падари бузургворашонро ба ӯҳда гирифтанд ва дар ҷиҳати нишон додани моҳияту аҳамияти ин қиём талоши бисёр карданд.

Имом Зайнулобидин (а) дар бинои тамаддуну фарҳанги исломӣ ва густариши таолими ноби Қуръон кӯшиш карданд ва бо равшанбинии хоси худ, иқдом ба тарбияти донишмандони мусулмон карданд то аз ин тариқ Қуръон ва суннати паёмбари Ислом (с) маҳфуз бимонад.

Эшон бо ҷамъоварии инсонҳои шоиста, онҳоро таҳти таолими динии худ қарор доданд то он ҷо, ки ба ривояти таърих, шогирдони барҷастаи он ҳазрат беш аз 170 нафар зикр шудааст.

Яке дигар аз мероси арзишманди имом Саҷҷод (а) барои мусулмонон, китобе таҳти унвони “Саҳифаи Саҷҷодия” аст. Ин китоб агарчӣ дар қолаби дуо ва ниёиш аст, вале шомили бисёре аз ҳақоиқи улуму маорифи исломӣ ва ирфонӣ, қавонину аҳкоми шаръӣ, масоили ҳассоси сиёсӣ, иҷтимоӣ, тарбиятӣ ва ахлоқӣ аст.

 

 

 

 

 

Барчасп