Август 21, 2021 16:49 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Акнӯн ҳангоми ҳаракате ҷиҳодӣ ва мардумӣ барои таҳаққуқи Эрони қавӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, акнӯн ҳангомаи ҳаракате ҷиҳодӣ, ҳакимона, шуҷоона ва мардумӣ аст, ки бо баҳраҷӯӣ аз зарфиятҳои азими фикрӣ ва нухбагонӣ ва мушорикати ҳамаи миллат, ҳамроҳӣ ва ҳамдилии маҷлиси инқилобӣ ва намояндагони мардум дар чорчӯби санади таҳаввули давлати мардумӣ заминасози таҳаққуқи Эрони қавӣ бошад.

Ба гузориши ИРНА, Саидиброҳими Раисӣ имрӯз шанбе дар ҷаласаи баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодии давлати сездаҳум изҳор кард, барои ибтикори бисёр хубе, ки Маҷлиси Шӯрои Исломӣ нисбат ба баррасии вазъияти вазирони пешниҳодӣ кард, суханони онҳоро дар комиссиюнҳои аслӣ ва фаръӣ шунид ва вақти бисёр хубе гузошт, бояд самимона аз онҳо ташаккур кунам.

Раисӣ гуфт, санади таҳаввули мардумӣ ба унвони чорчӯби ҳоким бар барномаҳои вазирони пешниҳодии давлати сездаҳум баргирифта аз меҳварҳои бунёдии панҷгона аст; нахуст, баёнияи гоми дувуми Инқилоби Исломӣ, дувум пешрафти фарҳанги исломӣ, сеюм иқтисоди муқовиматӣ, чаҳорум таъмин ва беҳбуди маишати ҷомеъа бавижа ақшори камдаромад ва панҷум тавсеаи равобити байналмилалӣ бар асоси манофеъи миллӣ ва илҳомбахшӣ дар ҷаҳони Ислом аст. ки дар ҳаряк аз барномаҳои адолат ва пешрафти конӯни барномарезӣ қарор гирифтааст ва бар оянди онҳо равнақи тавлиди дохилӣ ва пешрафти Эрони исломӣ хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп