Навбахт: Эрон ба Амрико эътимод намекунад
Ноябр 03, 2016 15:05 Asia/Dushanbe
Сухангӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мардуми Эрон ҳеҷ замоне ба ваъдаҳои Амрико эътимод намекунад.
Муҳаммадбоқири Навбахт, сухангӯи Ҳукумати Эрон рӯзи панҷшанбе дар вилояти Кирмон, ҷануби Эрон бо ишора ба тавтеаи қудратҳои ҷаҳонӣ, бавижа Америко зидди Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобили ин мавзеъҳои хасмона комилан ҳушёр аст.
Муовини раисҷумҳури Эрон бо ишора ба монеатарошиҳои Амрико дар музокироти ҳастаӣ ва бадаҳдиҳои ин кишвар дар иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) тасреҳ кард, Эрон ҳеҷ гоҳ ба аҳди Амрико мутмаин набудааст. Ӯ афзуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя ба нерӯҳои дохилӣ дар масири пешрафту тавсеа ба роҳи худ идома хоҳад дод.