Август 22, 2021 16:07 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 20 миллион доза ваксинаи Ков-Порс дар Сова

Муовини мудири ширкати донишбунёни “Рунок дору” –и Эрон аз тавлиди 20 миллион доза ваксинаи коронаи Ков-Порс то поёни сол хабар дод.

Муҳаммадалии Маликӣ афзуд: Ширкати донишбунёни “Рунок – дору” бо бастани тафоҳумномае бо яке аз ширкатҳои тавлиди ваксинаи дохилӣ дар Эрон иқдом ба тавлиди ваксина мекунад.

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир вориди фази сеюми болинии тавлиди ваксина шудаем ва тааҳҳуд додем то поёни сол наздик ба 20 миллион доза ваксинаи Ковид- 19 бо бренди ширкати ваксинасозии Розӣ (Ков –Порс) тавлид ва равонаи бозори масраф шавад.

Маликӣ афзуд: Ин ваксина ба ҳиммати ширкати дорӯсозии Розӣ тавлид мешавад, ки бахше аз тавлид ба сайти ширкати донишбунёни “Рунок – дору” дар Сова ҳидоят шудааст.

Вай афзуд: Маҳсулоти хоси ин ширкат дар дармони бемориҳои диабет ва ноборварӣ масраф дорад ва дар шароити коронаӣ ба унвони чаҳорумин кишвари ҷаҳон тавонистем доруи Ремдесевир барои дармони коронаро тавлид ва равонаи бозори масраф кунем.

 

Бештар бихонед: