Август 23, 2021 10:04 Asia/Dushanbe
  • Сардор Саломӣ : Эрон дар баробари вируси корона ва таҳрими Амрико истодааст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт : Эрон дар баробари вируси корона ва таҳрими Амрико истодааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ- фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки асри дирӯз ба Язд сафар карда буд, афзуд : Ончӣ дар ин ду соли ахир дар мувоҷиҳа бо корона рух дод, як сарафрозии бузург барои миллати Эрон ба вижа кадри дармону ходимони арсаи саломат ба шумор меояд .

Вай тасреҳ кард : Мо дар мавқеъияти ҳассосе қарор дорем; чаро ки аз як сӯ бо таҳоҷуми густардаи ин беморӣ мувоҷеҳ буда ва аз сӯи дигар Амрикои ҷинояткор таҳримҳои густардаеро алайҳи Эрон ҷорӣ кардааст, аммо мо ҳамонанди гузашта бо таркиби Раҳбарӣ, мардум ва ислом аз мушкилоти гузар хоҳем кард .
Саломӣ хитоб ба кадри дармон ва масъӯлон гуфт : Бо ҳамаи тавон ба ин мардум хусусан хонаводаҳои камтавон хизмат кунед, ман хоки кафи пои шуморо мебусам, ки шабонарӯз барои наҷоту имдоди мардум дар рикоб ҳастед . Мутмаинан аҷри ухравии азиме дар интизори Шумо хоҳад буд .

Фармондеҳи сипоҳи посдорон дар бораи гоми панҷуми тарҳи шаҳид Сулаймонӣ изҳор дошт : Дар иҷрои ин гом илова бар ташвиқу тарғиби мардум барои тазриқи воксан, афроди мубтало ба корона низ мисли гомҳои қаблӣ шиносоӣ ва хадамоти лозим дар заминаҳои мухталифи дармонӣ ва ҳимоятӣ ба онон дода хоҳад шуд .
Вай идома дод : Ҳамаи ягонҳои мотории Басиҷу Сипоҳ низ дар иҷрои ин тарҳ ба кор гирифта шуданд, то лавозимоти беморони коронаии карантинашударо ба онон бирасонанд.

 

Барчасп