Эрон, Русия ва Чин размоиши дарёии муштарак баргузор мекунанд
Сафири Русия дар Теҳрон аз баргузории размоиши дарёии муштараки Эрон, Русия ва Чин дар бозаи замонии охири 2021 ва авоили соли 2022 дар обҳои халиҷи Форс хабар дод.
Ба гузориши имрӯз (душанбе) –и хабаргузории ИРНА, Леван Ҷигариян дар мусоҳиба бо хабаргузории “Спутник” гуфт: Дар авохири соли ҷории мелодӣ ё оғози соли ояндаи мелодӣ ин размоиши муштараки дарёӣ дар халиҷи Форс баргузор хоҳад шуд. Киштиҳои ҷангии Русия, Эрон ва Чин дар ин размоиш ҳузур хоҳанд дошт. Ҳадафи аслии ин размоиш тамрини иқдомот барои тазмини амнияти дарёнавардии байналмилалӣ ва муқобила бо роҳзниҳои дарёӣ аст.
Вай афзуд: Дар канори Русия, Эрон ва Чин, кишварҳое ҳамчун Ҳинд, Сурия ва Венесуэла низ дар ин размоиш мушорикат хоҳанд дошт.
Хабаргузории “Спутник” ҳамчунин ба нақл аз сафири Русия дар Теҳрон гузориш дод, ки Русия аз дархости Эрон барои узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.
Вай афзуд: Маскав ва Теҳрон мавозеи наздик ва мушобеҳе дар бархе масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ доранд. Бо тавваҷуҳ ба иҷлоси СҲШ, ки қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад, мехоҳам таъкид кунам, ки Русия аз дархости Эрон барои узвияти комил дар ин созмон ҳимоят мекунад.
Сафири Русия дар Теҳрон ҳамчунин хотирнишон кард, ки Русия ва Эрон дар хусуси таслеҳот музокира мекунанд.
Вай гуфт: Бо лағви маҳдудияти таҳримӣ, тарафи русӣ дар ҳоли музокираи созанда бо шуракои эронӣ дар хусуси тифи васеъе аз таслеҳот аст.
Бештар бихонед:
- Поёни размоиши муштараки нерӯҳои вижаи Тоҷикистон ва Чин
- Баргузории размоиши СПАД дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон