Вуруди ҳавопаймои рабудашуда ба Эрон такзиб шуд
Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон мавзӯи рабоиши ҳавопаймои Украинаро такзиб кард.
Муҳаммадҳасани Зибахш, сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон эълом кард, ин ҳавопаймо дирӯз аср аз фурудгоҳи Кобул ба Машҳад парвоз карда ва пас аз сӯхтгирӣ Машҳадро ба мақсади Киев тарк кардааст ва соати 21: 50 дар фурудгоҳи пойтахти Украина фуруд омадааст.
Вай афзуд: Мавзӯи рабоиши ҳавопаймо, ки дар бархе расонаҳо мунташир шуда, мунтафӣ аст, аммо дар ин замина бояд бо мақомоти ҳаросати Созмони ҳавопаймоии кишварӣ ва мароҷеи болодасте ҳам ҳамоҳанг кунем то дақиқу қатъӣ итилоърасонӣ шавад.
Зибахш афзуд: Ба зудӣ дар ин замина иттилооти бештаре мунташир хоҳад шуд.
Зибахш афзуд: Дар чанд рӯзи гузашта ҳам як ҳавопаймои украинӣ дар фурудгоҳи Урумия барои сӯхтгирӣ фуруд омад ва пас аз сӯхтгирӣ ба Туркия рафт, ки бо содир нашудани муҷаввизи фуруд дар фурудгоҳҳои Туркия, ба фурудгоҳи Тошканд тағйири масир дод.
Расонаҳои русӣ ба нақл аз муовини вазири умури хориҷаи Украина муддаӣ шуда буданд, ки як ҳавопаймои тахлияи нерӯҳои украинӣ аз Афғонистон рабуда шудаву озими Эрон шудааст.