Август 25, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди мизбонии тими миллии футболи Эрон дар муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии 2022

Раиси Федератсияи футболи Эрон эълом кард, тими миллии Эрон мизбони Сурия дар варзишгоҳи “Озодӣ”, дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 хоҳад буд.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Шаҳобуддин Азизии Ходим, раиси Федератсияи футболи Эрон имрӯз - сешанбе дар бораи таъйиди мизбонии Эрон дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии Қатар гуфт: Мизбони бозӣ бо Сурия ҳастем .

Раиси Федератсияи футболи Эрони афзуд: Созмони садо ва симо ҳамкории хубе дошт ва аз Абдулалӣ Алӣ Асгарӣ, раиси Созмони садо ва симо ташаккур мекунам.

Азизии Ходим ҳамчунин гуфт: Дар ҳоли барномарезӣ ҳастем то ин раванд идома дошта бошад ва дар чанд рӯзи ахир корҳои судури раводид барои корвони тими миллии Сурия анҷом шудаву иқдомоти лозим барои искон дар меҳмонхона ҳам анҷом шудааст.

Тими миллии футболи Эрон дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар ба унвони саргуруҳ ба масофи Кореяи Ҷанубӣ, Ироқ, Имороти Арабии Муттаҳида, Сурия ва Лубнон хоҳад рафт.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп