Қадрдонии Раисӣ аз ҳусни эътимоди маҷлис ба вазирони пешниҳодии давлати сездаҳуми Эрон
(last modified Thu, 26 Aug 2021 04:00:31 GMT )
Август 26, 2021 09:00 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Раисӣ аз ҳусни эътимоди маҷлис ба вазирони пешниҳодии давлати сездаҳуми Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз эътимоди Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба вазирони пешниҳодии давлати сездаҳуми Эрон қадрдонӣ кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қадрдонӣ аз ҳусни эътимоди маҷлис ба вазирони пешниҳодии давлати сездаҳум, изҳор дошт: «раъйи қавӣ»-и Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ба «давлати мардумӣ», Иншоллаҳ сароғози ҳамкориҳои ҳамдилонаи ду қувва барои сохтани «Эрони қавӣ» хоҳад буд.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон (чаҳоршанбе) аз 19 вазири пешниҳодии давлати сездаҳуми Эрон ба 18 нафар аз онон раъйи эътимод доданд.