Август 26, 2021 09:50 Asia/Dushanbe
  • Таҷдиди мисоқи давлати сездаҳуми Эрон бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.)

Аъзои ҳайати давлати сездаҳум, бо ҳузур дар марқади бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) ва Инқилоби Исломӣ таҷдиди мисоқ карданд.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аъзои ҳайати давлати имрӯз (панҷшанбе) ҳамзамон бо ҳафтаи давлат ва оғоз бакори кобинаи ҷадид бо ҳузур дар марқади бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ, бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) ва инқилоб таҷдиди мисоқ карданд.

Ҷаласоти баррасии салоҳият ва раъйи эътимод ба кобинаи сездаҳум, дирӯз (чаҳоршанбе) дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба поён расид ва аз 19 вазири пешниҳодии муаррифӣ шуда, танҳо вазири омӯзиш ва парвариш аз порлумон раъйи эътимод нагирифт.

Бархе аз вазирон, дирӯз бо ҳузур дар вазоратхонаҳо ва ҳавзаҳои корӣ фаъолиятҳои худашонро оғоз карданд.

 

Барчасп