Таъйини сарпарасти Остони муқаддаси ҳазрати Аҳмад ибни Мусо (а)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i72662-Таъйини_сарпарасти_Остони_муқаддаси_ҳазрати_Аҳмад_ибни_Мусо_(а)
Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар ҳукме ҳуҷҷатулислом Иброҳими Калонтариро ба сарпарастии Остони муқаддаси ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо (а) мансуб карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 26, 2021 13:33 Asia/Dushanbe
  • Таъйини сарпарасти Остони муқаддаси ҳазрати Аҳмад ибни Мусо (а)

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар ҳукме ҳуҷҷатулислом Иброҳими Калонтариро ба сарпарастии Остони муқаддаси ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо (а) мансуб карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ, матни ҳукми раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ ба ин шарҳ аст: “Ҷаноби ҳуҷҷатулислом оқои Иброҳими Калонтарӣ зимни қадрдонӣ аз ҷаноби ҳуҷҷатулислом оқои Дежком дар анҷоми умури ҳарами мутаҳҳар ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо (а), ҷаноби олиро, ки ороста ба илму ахлоқ ва дорои савобиқи арзишманди илмӣ ва фарҳангӣ ва иҷроӣ мебошед, ба сарпарастии он боргоҳи баланд остон, ки сеюмин ҳарами хонадони Паёмбар (с) дар кишвари азизмон аст, мансӯб мекунам.

Дар матни ҳукми раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ омадааст, умед аст аз зарфиятҳои фаровони ин пойгоҳи маънавӣ ва рӯҳонӣ барои хизмат ҳарчӣ беҳтар ба зоирону муҷовирону алоқамандони муштоқ ва ташнагони маорифи нӯронии хонадони Паёмбар (с), бештарин баҳрагирӣ ба амал ояд.

Аз Худованди мутаъол тавфиқоти рӯзафзӯн барои ҷаноби олӣ ва дигар дастандаркорони он боргоҳи муқаддасро хоҳонам.