Август 27, 2021 15:34 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои баргузории нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон

Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон аз омодагии Теҳрон барои баргузории нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хабар дод.

Сайид Расули Мусавӣ, мудири кулли ғарби Осиёи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар твитте навишт: Дидори рӯзи гузаштаи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Покистон муҳим ва нақшаи роҳе барои ояндаи равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳои дуҷонибаву минтақаӣ аст.

Мӯсавӣ афзуд: Эрон аз идеяи вазири хориҷаи Покистон дар хусуси нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон истиқбол ва омодагии худро барои баргузории он дар Теҳрон эълом мекунад.

Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон ба манзури дидору гуфтугӯ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва дигар мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон дирӯз (панҷшанбе) вориди Теҳрон шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп