Август 27, 2021 17:18 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли бозкушоии марзи ҷадид бо Афғонистон барои дастрасӣ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон

Раиси Анҷумани синфии ширкатҳои ҳамлунақли байналмилалии Хуросони Разавӣ аз эҳтимоли бозкушоии марзи Катой, дар шимоли ғарби Афғонистон барои дастрасии Эрон ба Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.

Аҳмади Замониёни Яздӣ гуфт: Се омили замон, ҳазина ва амнияти коло аз мавзӯҳои аслӣ дар таъйини масирҳои ҳамлунақ маҳсуб мешавад ва ҳамакнун умдаи фаъолони бахши хусусӣ, ширкатҳои ҳамлунақлӣ ва коршиносони ҳавзаи ҳамлунақли байналмилалӣ бар ин масъала иттифоқи назар доранд, ки яке аз муҳимтарин мавонеи равнақи роҳгузари Кутай марбут ба таъмин нашудани амнияти тараддуди новгони хориҷӣ дар Афғонистон будааст.

Вай идома дод: Бинобар шавоҳиди мавҷуд ва мутаоқиби таҳаввулоти сиёсии суратгирифта дар ҳавзаи марзҳову гумруки Афғонистон ва тазминҳои ироашуда барои таъмини амнияти масири тараддуди новгони ҳамлунақл ба кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ аз Афғонистон, ин тағйирот метавонад боиси шаклгирии умедворӣ ба тавсеаи роҳгузари Катой шавад.

Раиси Анҷумани синфии ширкатҳои ҳамлунақли байналмилалии Хуросони Разавӣ гуфт: Тибқи музокироти анҷомшуда, бахши хусусии Афғонистон эълом дошта, ки бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти суратгирифта дар Афғонистон, имкони содироту транзити коло аз марзҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ба Осиёи Марказӣ аз масири Афғонистон ба сурати эмин ва бо амнияти боло фароҳам шудааст.

Замониёни Яздӣ идома дод: Оғози фаъолияту амалиёти баҳрабардорӣ аз ин масир дар дасти барномарезӣ аст, ки ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.

 

 

 

 

Барчасп