Давлат ба мушкилоти Хузистон ба таври вижа расидагӣ хоҳад кард
(last modified Fri, 27 Aug 2021 16:04:43 GMT )
Август 27, 2021 21:04 Asia/Dushanbe
  • Давлат ба мушкилоти Хузистон ба таври вижа расидагӣ хоҳад кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Аҳвоз гуфт, давлат ба мушкилоти Хузистон дар баҳси корона ба таври вижа расидагӣ хоҳад кард.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ рӯзи ҷумъа дар боздид аз бемористони Розии Аҳвоз, дар ҷамъи кадри дармон афзуд: Авлавияти мо расидагӣ ба баҳси корона будаву давлат дар ин росто тамоми кумаки худро ба Хузистон анҷом медиҳад.

Раиси ҷумҳурии Эрон хитоб ба масъулони Хузистон гуфт: Дар сурати ниёз ба маҳалли бистарии бештари беморони коронаӣ, аз зарфияти подгонҳои минтақа истифода шавад.

Вай афзуд: Тамоми ҳаму ғами давлат расидагӣ ба мушкилоти ношӣ аз корона аст ва талош мекунем то вазъият беҳтар шавад, албатта ҷо дорад аз фаъолияти кадри дармон ниҳояти ташаккурро дошта бошам.

Бемористони Розии Аҳвоз аз марокизи аслии ироаи хадамот ба беморони коронаӣ аст.

Раиси ҷумҳурӣ субҳи рӯзи ҷумъа дар нахустин сафари устонии кобинаи сенздаҳум, барои баррасии мушкилоти Хузистон аз тариқи фурудгоҳи байналмилалии шаҳид Қосим Сулаймонӣ вориди Аҳвоз шуд.

Раиси ҷумҳурро дар ин сафар ҷамъе аз аъзои кобина, аз ҷумла вузарои нерӯ, кишвар, ҷиҳоди кишоварзӣ, беҳдошту дармон ва раиси созмони барномаву буҷа ҳамроҳӣ мекунанд.

Акнӯн 20 шаҳристони Хузистон дар вазъияти қирмиз, 2 шаҳристон норанҷӣ ва панҷ шаҳристон зарди коронаӣ ҳастанд.

 

 

Барчасп