Идомаи иқдомоти Эрон барои воридоти 3 миллион доз ваксина
Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон, аз идомаи иқдомот барои вурӯди 3 миллион доз(воя)-и ваксина ба кишвар хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Ризо Забиб, дастёри вазири умури хориҷа ва мудири кулли Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусияи вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёми твиттерӣ навишт, воридоти фавқулъодаи 2/2 миллион доз панҷшанбеи ҳафтаи гузашта бо кумаки вазорати беҳдошт анҷом шуд ва 3 миллион доз то поёни ин ҳафта аз саҳмияи Кувокс вориди кишвар мешавад.
Вай дар ин паём навишт, умедворем бастаи дигари Кувокс (як миллион дози AstraZeneca) низ каме дертар ворид шавад.
Забиб дар ин паёми твиттерӣ таъкид кард, таъхири бадалели ҷиноят таҳрим буд.
Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон, ҳамчунин дар ин паём навишт, ҷинояти таҳрим қатъан муҷиби таъхир дар дарёфти воксани корона будааст.
Ба навиштаи Ризо Забиб, чаҳор моҳи таъхир дар судӯри муҷаввизи Уфк (дафтари кантроли дороиҳои хориҷии вазорати хазонадории Амрико) барои бардошт аз манобеи Бонки марказии Эрон дар Кореяи Ҷанубӣ таҳрим ва ҷиноят аст.
Бештар бихонед:
- Ваксина задан чӣ қадар бар пешгирӣ аз ибтило ба вируси корона муассир аст?
- Равишҳои тақвияти системаи эминии бадан дар муқобила бо корона