Омодагии Эрон барои афзоиши 400 мегаваттии содироти барқ ба Афғонистону Покистон
(last modified Sat, 28 Aug 2021 05:45:21 GMT )
Август 28, 2021 10:45 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои афзоиши 400 мегаваттии содироти барқ ба Афғонистону Покистон

Мудиромили ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон эълом кард, ки ин имкон вуҷӯд дорад то беш аз 400 МВт таъмини барқи кишвари Покистону Афғонистон афзоиш дода шавад.

Мустафо Раҷабии Машҳадӣ, мудиромили ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон гуфт, Эрони алоқаманд ба тавсеаи равобит ва ҳамчунин содироти бештари барқ ба Покистон аст.

Раҷабии Машҳадӣ афзуд, хати интиқол то марзи Покистон барои таъмини барқи бандари "Гвадар"-и Покистон ҳам эҳдос шуда, аммо шабакаи барқ дар ин кишвар ҳануз муҳайё нест.

Вай дар бораи содироти барқ ба Афғонистон низ гуфт, ба кишвари Афғонистон ҳам содирати барқ дорем ва маҷмӯи барқи содиротӣ ба Афғонистону Покистон зери 100 МВт аст