Сеюмин тиллои корвони Эрон дар риштаи ҷудуи паралимпии Токио
(last modified Mon, 30 Aug 2021 04:02:10 GMT )
Август 30, 2021 09:02 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин тиллои корвони Эрон дар риштаи ҷудуи паралимпии Токио

Ҷудукори эронӣ дар рақобатҳои паралимпии Токио ба медали тилло даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадризо Хайруллоҳзода-ҷудукори вазни мусбати 100 килограм тими миллии Эрон рӯзи якшанбе дар класси бе ду ( B2 ) дар дидори финали паралимпии Токио бо ғалаба бар Чикивадзе-ҳарифи гурҷистонӣ бо имтиёзи озод ба бартарӣ даст ёфт ва медали тиллоро бар гардан овехт.
Ин сеюмин тиллои корвони “Сардори дилҳои Эрон " дар чаҳорумин рӯзи рақобати намояндагони Эрон дар паралимпии Токио аст .
Хайруллоҳзода пеш аз финал дар ду дидори дигар тавониста буд варзишкори аз Ямайкаро шикаст диҳад .
Ваҳиди Нурӣ-дар вазни зери 90 килограм параҷудуи 2020 Токио низ тавонист бо шикасти ҳарифи худ медали тиллои ин вазнро касб кард .
Ба ин тартиб тими ҷудуи паралимпии Эрон бо ҳузури ду намоянда тавонист ду медоли хушрангро касб кунад .
Рӯҳуллоҳи Рустамӣ дар вазнбардорӣ низ муваффақ ба касби медали тилло барои Эрон шуд.
Ҳомиди Сулҳипур-миллипӯши паравазнабардории Эрон низ дар вазни 97 килограм бо боло бурдани вазнаи 222 килограм медали нуқраро дар рақобатҳои паралимпии Токио ба даст овард .