Касби чаҳорумин медали тиллои Эрон дар паралимпии Эрон
Чаҳорумин медали тиллои Эрон дар бозиҳои паралимпӣ тавассути Амири Хусравонӣ дар париш ба дарозӣ ба даст омад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар оғози шашумин рӯзи бозиҳои паралимпии Токио ва дар мусобиқоти париши дарозӣ як медали тиллои арзишманд барои корвони Эрон ба даст омад .
Ин мусобиқот дар класси T12 бо ҳузури 10 варзишкор аз ҷумҳурии Озарбойҷон, Куба, Шветсия, Узбекистон, Олмон, Беларус ва Эрон баргузор шуд .
Дар ин рақобатҳо, ки ба мизбонии варзишгоҳи олимпии Токио баргузор шуд, Амири Хусравонӣ муваффақ шуд бо сабти рекорди 7 метру 21 сантиметр ба медали тилло даст пайдо кунад .
Ӯ дар париши аввали худ хато кард, аммо дар париши дувум бо сабти ин париш ҳам рекорди шахсеашро шикаст ва ҳам ба медали тилло даст пайдо кард .
Варзишкори Куба ҳам бо сабти 7 метру 16 сантиметр тавонист ба медали нуқра бирасад. Медали бринҷӣ ҳам ба Саиди Наҷафизода аз ҷумҳурии Озарбойҷон расид, ки 7 метру 3 сантиметр парид.
Бештар бихонед :
- Рекорди ҷаҳонӣ ва медали тилло барои бонуи тирандози эронӣ дар Паролимпии Рио
-
Касби аввалин медали тиллои Эрон дар мусобиқоти олимпии Ҷопон