Ноябр 05, 2016 09:33 Asia/Dushanbe
  • Cафари ҳайати баландпояи иқтисодии Туркия ба Эрон

Як ҳайати баландпояи иқтисодию тиҷории Туркия бо сарпарастии Ниҳод Зейбекчи, вазири иқтисоди ин кишвар шаби ҷумъа озими Теҳрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, Зейбечки ба даъвати Муҳаммадризои Неъматзода, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст. Ӯ дар ин сафар илова ба дидору гуфтугӯ бо вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар, Маҳмуди Воизӣ, вазири иртибототу фанноварии иттилоот, раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Туркия ва Аббоси Охундӣ, вазири роҳу шаҳрсозии Эрон дидор хоҳад кард.

Вазири иқтсоди Туркия қарор аст, дар поёни дидорҳои расми худ дар Теҳрон конфронси матбуотӣ баргузор кунад.