Ҳаштуми шаҳривар ; рӯзи мубориза бо тероризм дар Эрон
Имрӯз ( душанбе ), ҳаштуми шаҳривар ( 30 августи 2021 ) солрӯзи шаҳодати раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири вақти Эрон ва Рӯзи миллии мубориза бо тероризм дар Эрон аст .
Ҳаштуми шаҳривари 1360 ( 30 августи 1981 ) ёдовари шаҳодати мазлӯмонаи Муҳаммадалии Раҷоӣ-раиси ҷумҳурӣ ва Муҳаммадҷаводи Боҳунар-нахуствазири вақти Эрон ба ҳамроҳи гуруҳе аз аъзои ҳайати давлат дар инфиҷори дафтари нахуствазирӣ аст .
Ин инфиҷор тавассути гурӯҳаки террористии мунофиқин анҷом шуд .
Баъд аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 беш аз 17 ҳазор нафар аз шаҳрвандону масъӯлони Ҷумҳурии исломии Эрони ба дасти гурӯҳаки террористии мунофиқин ва соири гурӯҳакҳои террористӣ террор шуданд .
Аъзои гурӯҳаки мунофиқин баъд аз шурӯи иқдомоти террористӣ дар Эрон ибтидо ба Порис гурехтанд ва сипас ба Ироқи рафтанд .
Дар солҳои 1991 ва 1992 Саддом-диктатори маъдуми Ироқ аз унсурҳои мунофиқин барои саркуби курдҳо истифода кард ва амалиёти наслкушии курдҳои Ироқро тарроҳӣ кард, ки чанд ҳазор зану кӯдак қатли ом шуданд .
Бо вуруди Амрико ба Ироқ гурӯҳаки мунофиқин зери чатри ҳимояти Амрико монд ва муддате дар урдӯгоҳи Liberty ва сипас бо кумаки Амрикову Англия ва бо ваъдаҳое роҳии Албания шуданд то дар ин кишвар озодона фаъолият кунанд.
Ин иқдом дар ҳоле буд, ки Амрико, Англия ва Фаронса аз ҳомиёни аслии гурӯҳаки террористии мунофиқин ҳозир ба пазириши расмии онҳо дар хоки худ нашуданд.
Бо вуҷуди тамомии иқдомоти мухарриби бархе кишварҳои ғарбӣ Ҷумҳурии исломии Эрон як қудрати беҷуну ҷарои муқобила бо тероризм дар ҷаҳон аст ; Эрон ҳамакнун илова бар пуштибонӣ аз ҳамсоягони худ дар мубориза бо тероризм бо ниҳодҳову созмонҳои байналмиллалии фаъол дар заминаи муқобила бо тероризм ҳамкории содиқона ва ҳӯшмандона дорад.