Мудири бошгоҳи «Персполис»: «Истиқлол» -и Тоҷикистон сурпризи ин давра аз рақобатҳо аст
(last modified Tue, 31 Aug 2021 09:58:15 GMT )
Август 31, 2021 14:58 Asia/Dushanbe
  • Мудири бошгоҳи «Персполис»: «Истиқлол» -и Тоҷикистон сурпризи ин давра аз рақобатҳо аст

Мудири бошгоҳи футболи «Персполис» -и Эрон дар бораи вазъияти тими «Персполис» дар остонаи бозӣ бо «Истиқлол» - и Тоҷикистон гуфт: Дар ҳоле вориди идомаи мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиё хоҳем шуд, ки дар шароити мусобиқоти расмӣ қарор надорем ва ин масъала корро барои ҳамаи намояндагони Эрон сахт мекунад.

Ба гузориши сайти бошгоҳи «Персполис», мудири тими футболи «персполис» дар бораи ин ки бозиҳои тадорукотӣ чӣ қадр кумак хоҳад кард, хотирнишон кард: Тамрин ҷои бозии тадорукотиро намегирад, аммо бо ин вуҷуд барои кумак ба тим, ҳар коре лозим астро анҷом медиҳем. Бозикунону кадри фаннӣ тамоми талоши худро ба кор гирифтаанд.

Пайравонӣ афзуд: «Истиқлол» -и Тоҷикистон дар ҳоле вориди ин бозӣ мешавад, ки дар амал бар хилофи тими мо дар ҷараёни мусобиқоти футболӣ аст ва ба қавли оқои Гулмуҳаммадӣ, сармураббии тимамон, ин тим сурпризи ин давра аз рақобатҳо маҳсуб мешавад.

Вай афзуд: Як мусобиқа дорем, ки он ҳам дар хонаи ҳариф аст ва бояд дар чамани маснуӣ бозӣ кунем. Вале хуб, мо «Персполис» ҳастем ва масоилеро аз сар гузарондаем, ки камтар касе фикрашро мекард ва ин бор ҳам меравем, ки натиҷаи дилхоҳи худамонро бигирему ҳаводоронро бори дигар хушҳол кунем.

Гуфтанӣ аст, ки тими «Истиқлол» -и Тоҷикистон рӯзи сешанбе, бистусеюми шаҳривармоҳ (14 сентябр) дар мусобиқаи марҳалаи якҳаштуми ниҳоии фасли 2020 Лигаи қаҳрамонони футболи Осиё бояд муқобили «Персполис» -и Эрон қарор бигирад.

 

Бештар бихонед: