Таъкиди Амир Абдуллоҳиён ва  Ле Дриан бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон
(last modified Thu, 02 Sep 2021 04:30:29 GMT )
Сентябр 02, 2021 09:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амир Абдуллоҳиён ва  Ле Дриан бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон

Вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрону Фаронса дар гуфтугӯи телефонӣ дар хусӯси муҳимтарин таҳаввулоти равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ бо якдигар табодули назар карданд.

Жан-Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса дар ин гуфтугӯ, зимни табрик ба вазири умури хориҷаи Эрон, густариши тамосҳо ва гуфтугӯҳо дар хусӯси мавзуоти мавриди тавваҷуҳи тарафайнро хостор шуд.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар ин тамоси телефонӣ таъкид кард, ки ҳайати ҳокимаи Амрико ба воситаи хурӯҷи ғайриқонӯнӣ аз БарҶом ва эъмоли таҳримҳои золимона алайҳи мардуми бузурги Эрон ва тарафҳои аврупоӣ ба далели беамалиашан,масъули бурӯзи шароити феълӣ ҳастанд ва бояд ба иҷрои комили тааҳҳудоти БарҶом-ӣшон бозгарданд ва бар ин асос Ҷумҳурии Исломии Эрон дар музокироте, ки натоиҷи малмусеро дар таъмини ҳуқуқу манофеъи мардуми Эрон дар бар дошта бошад, ҳузур хоҳад ёфт.

Абдуллоҳиён афзуд, муттаассифона ҳайати ҳокимаи феълии Амрико низ ба рағми иддаоҳои қаблӣ, дар садади истифода аз таҳримҳои ғайриқонӯнӣ ба унвони абзори фишор бар Ҷумҳурии Исломӣ Эронаст, аммо бояд бидонад, ки мо таслими чунин фишорҳое нахоҳем шуд ва Аврупо низ бояд бо мавзеъгириҳои санҷида, талош кунад нақши созандаеро ифо кунад.

Тарафайн дар идома аз аҳдофи конфронси Бағдод дар тарғиби таомулоти минтақаӣ ҳимоят карданд.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар ин иртибот изҳор кард, буҳронҳои минтақаӣ натиҷаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи қудратҳои хориҷӣ аст ва сиёсати хориҷии давлати сездаҳум ба равобит бо ҳамсоягон авлавият медиҳад ва ҳамон гуна, ки дар нишасти ахири Бағдод тасреҳ кардем,суботи минтақа роҳкори бумӣ ва дарунминтақаӣ дорад ва ҳаргуна рафтори мудохилаҷӯёна, метавонад ошуфтагии минтақаро бештар кунад.

Вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрону Фаронса ҳамчунин дар мавриди таҳаввулот Афғонистон гуфтугӯ карда ва бар зарурати ҳамкорӣ барои тарғиби тамомии тарафҳо ба ташкили давлати фарогир, ба манзури тазмини суботу амният дар ин кишвар ва минтақа таъкид карданд. Тарафайн тавофуқ карданд ба гуфтугӯҳоро дар хусӯси мавориди ёд шуда идома бидиҳанд.