Ноябр 05, 2016 12:07 Asia/Dushanbe

Профессор Самеӣ, донишманди барҷастаи эронӣ бузургтарин Маркази фавқ-ут-тахассуси дармонии бемориҳои мағзу асабро дар Чин таъсис дод.

Ин маркази тахассусӣ дувумин маркази пизишкии мағзу асаби ҷаҳон аст, ки зери назари ин донишманди эронӣ идора мешавад. Профессор Самеӣ ҳамакнун дар ҳоли ифтитоҳи бузургтарин маркази пешрафтаи дармонии мағзу асаби ҷаҳон дар Эрон аст.

Гузориши ин хабарро ҳамкорамон Суҳробӣ аз Пекин таҳия ва ирсол кардааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, профессор Маҷиди Самеӣ дар солҳои 2013 ва 2014 Ҷоизаи беҳтарин донишманду ҷарроҳи мағзу асаби ҷаҳонро аз сӯйи Федератсияи ҷаҳонии ҷамъиятҳои ҷарроҳии мағз ва Академияи байналмилалии ҷарроҳони мағзу асаб дарёфт кард.