Фармондеҳи нерӯи дарёии артиш: Савоҳили Макрон дарвозаи иқтисодии Эрон ба ҷаҳон аст
(last modified Thu, 02 Sep 2021 07:19:04 GMT )
Сентябр 02, 2021 12:19 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи дарёии артиш: Савоҳили Макрон дарвозаи иқтисодии Эрон ба ҷаҳон аст

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, савоҳили Макрон дар устони Систон ва Балӯчистон ҷануби шарқи кишвар дарвозаи иқтисодии Эрон ба ҷаҳон аст.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, адмирал Шаҳроми Эронӣ гуфт, нерӯи дарёӣ роҳбурди артиш дар умқи дарёҳо парчами Эрони исломиро барафрошта аст.

Вай афзуд, ончӣ ки фармондеҳи муаззами кулли қуво аз нерӯҳо интизор доранд, қудрат ва нерӯмандист то ба унвони нерӯҳои мусаллаҳ дар баробари ёвагӯиҳои душманон бо иқтидор истода ва посухгӯ бошем.

Фаромндеҳи нерӯи дарёии артиш ҳамчунин гуфт, истодагӣ ва истиқомат ва ҷаддият дар анҷоми корҳост ва авлавияти имом Ҳусайн (а), дифо аз мардум буд ва аввалин маъмурияти нерӯи дарёӣ роҳбурдии артиш дифо аз мардум аст.

Адмирал Шаҳроми Эронӣ гуфт, дар қолаби дипломатияи дифоӣ ва иртибот бо кишварҳо иқдомоти зиёдеро дунбол мекунем.