Сентябр 02, 2021 18:22 Asia/Dushanbe
  • Нуҳумин медали тиллои корвони варзишии Эрон дар рақобатҳои Паралимпиии Токио

Бонӯи тирандози эронӣ бо шикасти ҳарифи италияии худ ба медали тиллои инфиродии тирандозӣ бо камони паралимпики Токио даст ёфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Заҳро Неъматӣ-бонӯи тирандози эронӣ  имрӯз панҷшанбе  дар поёни рақобатҳои  инфиродии бозиҳои паралимпики Токио муваффақ шуд нуҳумин медали тиллои корвони " Сардори дилҳо " дар рақобатҳои паралимпиро касб кунад .
Заҳро Неъматӣ  дар мусобиқаи финал ва дар як рақобати нафасгир бо натиҷаи 6 бар 5 ва дар тири тиллоӣ " Винсинзо Птрилӣ-ҳарифи италияии худро шикаст дод .
Заҳро Неъматӣ бо ин медал сеюмин медали тиллои паралимпики худро касб ва аз ин ҳайс сегона(хеттрик) кард .
Неъматӣ дар паралимпики Лондон, Рию ва дар Токио муваффақ ба касби медали тилло шудааст.
Корвони варзишии Эрон дар рақобатҳои паралимпики Токио 9 медали тилло, 7 нуқра ва 1 биринҷӣ касб кардааст ва дар рутбаи 13 бозиҳо қарор дорад.

 

Барчасп