Ҳаждаҳумин медали корвони Эрон дар мусобиқоти паралимпӣ
Сентябр 02, 2021 19:02 Asia/Dushanbe
Алӣ Пируҷ-партобгари найзаи Эрон дар бозиҳои паралимпии Токио ба медали нуқраи ин бозиҳо даст ёфт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар марҳалаи ниҳоии модаи партоби найза ( F - 12 )-и бозиҳои паралимпии Токио ҳафт варзишкор аз ҷумла Алӣ Пируҷ аз Эрон бо ҳам рақобат карданд .
Дар ин рақобат, ки аз соъати 21 ( ба вақти маҳаллӣ ) дар варзишгоҳи олимпии Токио оғоз шуд, Пируҷ бо партоби 64 метру 30 сантиметр ба унвони нойиби қаҳрамонӣ даст ёфт ва медали нуқраро аз они худ кард .
Дар ин мода партобгари Британиа бо 69 метру 52 сантиметр ба унвони қаҳрамонӣ расид . Варзишкори Испания ҳам бо 61 метру 13 сантиметр соҳиби медали биринҷӣ шуд .
Барчасп