Сентябр 03, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бо фавти 561 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид - 19 дар шабонарӯзи гузашта теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 109 ҳазору 549 нафар расид.

Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе эълом кард: Аз дируз то имрӯз (3 сентябри 2021) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 27 ҳазору 621 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 4 ҳазору 61 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар кишвар ба 5 миллиону 83 ҳазору 133 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия афзуд: То кунун 4 миллиону 302 ҳазору 11 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо, вируси корона то кунун беш аз 220 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 4 миллиону 558 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп