Сентябр 03, 2021 17:17 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Сайид Ҳасани Фирӯзободӣ даъвати ҳақро лаббайк гуфт

Раиси собиқи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба дидори маъбуд шитофт.

Сарлашкар Сайид Ҳасани Фирӯзободӣ, раиси собиқи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва мушовири олии низомии фармондеҳии кулли қуво, рӯзи ҷумъа ва пас аз муддате беморӣ ба дидори маъбуд шитофт.

Сарлашкар Фирӯзободӣ ба муддати 27 сол бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ба унвони раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон машғул ба хидмат буд ва пас аз он аз сӯи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба унвони мушовири олии низомии фармондеҳии кулли қувои Эрон мансуб шуд.

 

Барчасп