Сентябр 03, 2021 19:17 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Савоҳили Макрон метавонад қутби равнақи тиҷории Эрон бо дунё бошад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, савоҳил Макрон метавонад қутби равнақу иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон бо дунё бошад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи намояндагони ақшори мухталиф, уламо ва нухбагони Чобаҳори устони Сиистон ва Балучистон, дар ҷануби шарқи Эрон, бо баёни ин ки савоҳили Макрон дарвозаи вурудии Эрон ба бисёре аз кишварҳои дунёст, изҳор дошт: Савоҳили Макрон бисёр ҷойгоҳи ҳассос ва муҳиме дорад ва бояд созукор ва марказияти фаъоле барои умрону ободии ин минтақа вуҷуд дошта бошад, ки масъулияти ин мавзӯро ба ӯҳда бигирад.

Раисӣ афзуд: Кор дар ин минтақа бояд дар як замони муайяне ба натиҷа бирасад то баҳрагирӣ аз ин сарвати худододӣ ва иқтисоди дарё, аз фурсатҳои эҷоди иштиғолу равнақи тавлид дар ин минтақа ба наҳви аҳсан баҳра бурда шавад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамаи талошгарони таъмини амнияти минтақа, аз ҷумла нерӯҳои сипоҳ, басиҷ, нерӯи интизомӣ, артиш ва марзбонон дар нерӯҳои дарёӣ, заминӣ ва ҳавоӣ қадрдонӣ кард.

Раисӣ бо баёни ин ки савоҳили Макрон яке аз беҳтарин зарфиятҳо барои сармоягузорӣ аст, хотирнишон кард: Яке аз аввалин иқдомот дар ин замина муаррифии дақиқу комили зарфиятҳои сармоягузорӣ дар минтақаи Макрон аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп