Вуруди 5 миллион дозаи воксани корона ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i73174-Вуруди_5_миллион_дозаи_воксани_корона_ба_Эрон
Раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон аз вуруди 5 миллион дозаи воксани корона ба кишвар хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 05, 2021 09:27 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 5 миллион дозаи воксани корона ба Эрон

Раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон аз вуруди 5 миллион дозаи воксани корона ба кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабргузории Садо ва Симо, Карими Ҳимматӣ-раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон эълом кард : Ҳаждаҳумин маҳмӯлаи воксани корона дорои 5 миллион дозаи воксан, имрӯз якшанбе дар фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба Вазорати беҳдошт супурда шуд . Раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон аз вуруди сангинтарин маҳмӯлаи воксани корона хабар дод ва афзуд : Ба таври куллӣ ин ҷамъият аз панҷ моҳи пеш то кунун 25 миллиону 390 ҳазор дозаи воксан ба кишвар ворид кардааст .

  • Карими Ҳимматӣ бо эъломи инки воридоти маҳмӯлаҳои 5 миллион дозаи воксан ба Эрон идомадор хоҳад буд, гуфт : Бо таъкидоти Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳурии Эрон мабнӣ бар таъмини 40 миллион дозаи воксан ин равандро бо шитоби бештаре идома хоҳем дод .