Ноябр 05, 2016 13:39 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи Намоишгоҳи матбуоти Эрон бо суханони раисҷумҳур

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иттиҳод ва якпорчагиро ягона роҳи барқарор будани амният дар минтақа донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар кушоиши 22-юмин даври Намоишгоҳи матбуоти Эрон дар Теҳрон бо ишора ба шароити печидаи минтақа гуфт, минтақа ниёзманди амният аст ва ин амният ҷуз аз тариқи иттиҳод, якпорчагӣ дар муқобили террористҳо ва душманон ҳосил намешавад. Рӯҳонӣ масъалаи амнияти имрӯзи минтақаро терроризми ҳамроҳ бо афкори ҷоҳилӣ ва ранги динӣ дониста афзуд, гурӯҳҳое бо фаҳми ғалату нодуруст аз Ислом ба ҷони мусалмонони минтақа афтодаанд, дар ҳоле ки масъалаи амнияти минтақа фақат бо инсиҷоми ваҳдат ва якпорчагии ҷомеа ҳал мешавад ва дипломатия омили муҳиме дар пешгирӣ аз ҷангу низоъ аст.

Раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард, дар чунин шароит ва дар баробари чунин таҳдиде он чӣ метавонад миллати Эронро аз тавтеаи шуми терроризм ҳифозат кунад, иттиҳоди миллат аст ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба унвони қудрати муҳими минтақа баробари ҳар гуна таҷовузи эҳтимолии бадхоҳону душманон қотеъона истодаанд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин расонаҳоро заминасози тавсеаи ҷомеа дониста таъкид кард, фарҳанг қудрати фаротар аз аслиҳа аст ва расона яке аз муҳимтарин абзори фарҳанг аст.

22-юмин даври Намоишгоҳи матбуоти Эрон бо мизбонӣ аз 900 расона дар қолаби 620 ғурфа бо шиори "Шаффофият ва садоқат" имрӯз дар мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ.)-и Теҳрон оғоз ба кор кард.