Сентябр 07, 2021 13:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши дипломатӣ - фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон; баъд аз зуҳри имрӯз дар Теҳрон

Ҳамоиши дипломатӣ - фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон аз сооте дигар дар Теҳрон баргузор мегардад.

Ба гузориши ихтисосии радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҳамоиш аз соати 14 то 17 имрӯз бо ҳузури андешмандони эронӣ ва тоҷик дар маҳалли сохтмони шуҳадои радиои Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мегардад.

Дар ин ҳамоиши якрӯза Сарвар Бахтӣ, раиси созмони ЭКО ва Маъруфҷон Абдураҳмон, муовини фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон суханронӣ мекунанд.

Ин ҳамоиш ба ҳиммати муассисаи мутолеоту таҳқиқоти байналмилалии “Аброри муосири Теҳрон” баргузор мегардад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп