Сентябр 09, 2021 09:21 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Эрон шаффофтарин кишвар аз манзари иҷрои тааҳҳудоти ҳастаӣ аст

Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, тасреҳ кард, Эрон шаффофтарин кишвар аз манзари иҷрои тааҳҳудоти ҳастаӣ аст.

Козими Ғарибободӣ бо баёни инки Эрон ҳеҷ нукта ва ё ибҳоме дар фаъолиятҳои ҷорӣ ва иҷрои тааҳҳудоти ҳастаӣ бо ожонс надорад афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бештарин боздидҳои Ожонси байналмилалии энержии атомиро мепазирад.

Ғарибободӣ изҳор дошт, тамоми фаъолиятҳое, ки Эрон анҷом медиҳад, тибқи тааҳҳудот ва ҳуқуқаш таҳти Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ "NPT" ва мувофиқатномаҳои тазминӣ аст.

Ғарибободӣ бо зикри ин нукта, ки ғарбиҳо наметавонанд иҷрои тааҳҳудоти Эрон таҳти тавофуқи ҳастаие, ки худашон дар ҳавзаи рафъи таҳримӣ ба он эҳтиром намегузорандро аз Теҳрон талаб кунанд, ёдовар шуд, ҳатто гузоришҳои ожонс ҳам наметавонад ҳеҷ мабнои ҳуқуқиро барои чунин дархостҳои ғайримуваҷҷаҳ фароҳам кунад.

Вай дар идома гуфт, муттаассифона Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамвора рӯйкардҳои сиёсӣ иттихоз карда ва истиқлол, бетарафӣ ва ҳирфагарии худашро нақз кардааст.

Ғарибободӣ се шанбешаб низ дар вокуниш ба гузориши Гросси бо баёни инки чаҳор мавзӯи тазминӣ байни Эрону ожонс вуҷӯд дорад, ба ин созмон тавсия кард, ки истиқлол, бе тарафӣ ва ҳирфаигарии худро ҳифз кунад.

Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шомгоҳи сешанбе дар гузориши худ муддаӣ шуда буд, фаъолиятҳои ожонс дар Эрон ба таври ҷиддӣ тазъиф шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп