Сентябр 09, 2021 12:09 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Тангсерӣ: Кишварҳои минтақа метавонанд аз манобеъ ва манофеъи худ дифо кунанд

Фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард, кишварҳои минтақа метавонанд аз манобеъ ва манофеъи худ дифо кунанд

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, адмирал Алиризо Тангсерӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии сипоҳ бо мусбат арзёбӣ кардани сатҳи омодагиҳои размӣ, амалиётии размандагони мустақар дар ҷазоири ҷанубии Эрон гуфт, барои ҳифозат ва истимрори амният дар Халиҷи Форс, ниёзе ба ҳузури бегонагон нест.

Адмирал Тангсерӣ дар боздид аз минтақаи Нозиот дар Халиҷи Форс дар маҳдӯдаи устони Ҳурмузгон ҷануби Эрон афзуд, мусулмонем ва бо ҳам дӯст ва бародар ҳастем ва ниёзе ба ҳузури кишварҳои мутаҷовизу бегона дар минтақа надорем.

Адмирал Тангсерӣ бо ишора ба инки душманон дар муқобили Инқилоби Исломӣ дармонда шудаанд, гуфт, Инқилоби Исломӣ бо ҳидояти алимона ва ҳакимонаи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ барои таҳаққуқи тамаддуни навини исломӣ гомҳои бисёр баланде бардоштааст.

Адмирал Алиризо Тангсерӣ хотирнишон кард, нерӯи дарёии сипоҳ барои табдил шудан ба як қудрати дарёӣ дар тарози Инқилоби Исломӣ иқдомоти роҳбурдӣ ва муҳиммеро шакл дода ва анвоъи таҷҳизоти размӣ ва амалиётии он иртиқо ёфт.

 

Барчасп