Ҳамлаҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мавозеъи террористҳо дар минтақаи Курдистони Ироқ
Сентябр 09, 2021 17:19 Asia/Dushanbe
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мавозеъи террористҳо дар минтақаи Курдистони Ироқро ҳадаф қарор дод.
Ба гузориши канали телеграмии сипоҳи Қудс, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ пойгоҳи террористҳои ҷудоиталаби " ҲДКИ " дар шаҳри Ҷалола ( наздики марзи Эрон ), ки қасд доштаанд дар чанд рӯзи оянда ҳамалотеро алайҳи Эрон тартиб бидиҳанд, ҳадаф қарор дод .
Бар асоси ин гузориш се минтақа дар Курдистони Ироқ ҳадафи ҳамалоти таркибии неруии заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифтааст .
Барчасп