Сентябр 10, 2021 16:33 Asia/Dushanbe

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал эълом кард, даври баъдии нишасти вазирони хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар Теҳрон баргузор мешавад.

Маҷиди Тахтравончӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал дар суханоне дар нишасти рӯзи панҷшанбеи Шӯрои амният гуфт, Афғонистон дар ҳоли убур аз як мақтаи буҳронӣ аст.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ афзуд: Ин вазъият қабл аз ҳар чиз натиҷаи мустақими мудохилаи Амрико ва дигар нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ва хуруҷи ғиримасъулонаи онҳо аст.

Ба гуфтаи Тахтиравончӣ, онҳо (амрикоиҳо ва ғарбиҳо) замоне, ки вориди Афғонистон шуданд, барои афғонҳо мусибат ба армуғон овараданд ва ҳангоме, ки онҷоро тарк карданд, фоҷеа ба ҷой гузоштанд.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Бо тавваҷуҳ ба лузуми таъмини эҳтиёҷоти аввалияи миллионҳо нафар ниёзманд дар Афғонистон, Эрон омодаи осонсозии интиқоли кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар аз тариқи бандарҳо, фурудгоҳҳо, роҳи оҳан, ҷодаҳо ва гузаргоҳҳои марзии Эрон аст.

Тахтиравончӣ ҳамчунин гуфт, тайи беш аз чаҳор даҳа мизбони миллионҳо паноҳандаи афғон будаем ва баъд аз буҳрони ахир паноҳандагони бештаре вориди хоки Эрон шудаанд.

Тахтиравончӣ гуфт: Ҳамчунин бояд ба мардуми Афғонистон барои расидан ба сулҳи пойдор, субот ва рифоҳ кумак кард ва таҳаққуқи комили ин ҳадафро бояд ба вижа кишварҳои ҳамсоя мавриди ҳимояту тасҳил қарор диҳанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп