Ноябр 05, 2016 20:57 Asia/Dushanbe
  • Амрико, идомаи сиёсатҳои хасмона алайҳи Эрон

Аз соли 1979, ки асноди фаъолиятҳои ҷосусӣ ва тарҳҳои тавтеаомези Амрико алайҳи Эрон дар лонаи ҷосусӣ (сафоратхонаи) Амрико ифшо шуд, раисҷумҳури вақти Амрико иқдом ба барқарории вазъияти изтирорӣ алайҳи Эрон кард.

Қонуни марбут ба вазъияти изтирорӣ дар соли 1977 ба тасвиби Конгресс ва имзои раисҷумҳури вақти Амрико расид. Бар асоси ин қонун, ба раисҷумҳурӣ иҷоза дода шудааст, то бо эъломи вазъияти изтирории миллӣ дар вокуниш ба таҳдиди ғайримутаориф ва фавқулъода нисбат ба амнияти Иёлоти Муттаҳида аз сӯи манбаи хориҷӣ, равобити Амрико бо он манбаъро танзим кунад.

Иқдомот дар ин чорчуб аз ҷумла шомили таваққуфи муомилот, масдуд кардани дороиҳо ва дар сурати ҳамлаи низомӣ ба хоки Амрико, забти амволи тарафи мутахосим аст.

Ин вазъият пас аз як сол худ ба худ лағв мешавад, магар онки раисҷумҳур 90 рӯз пеш аз торихи инқизо тадовуми онро ба иттилои Конгресс бирасонад. Барак Обама ин тамдидро имсол дар солгарди тасхири лонаи ҷосусӣ (3-и ноябр) дар номае ба Пол Райан, раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар эълом кард.

Обама дар ин нома дар тавҷеҳи ин тасмими худ навиштааст: “Равобити мо бо Эрон ҳануз ба ҳолати оддӣ барнагаштааст ва иҷрои тавофуқоти мо бо ин кишвар низ ҳануз муҳаққақ нашудааст. Аз ҳамин рӯ, ман ташхис додам, ки зарурӣ аст, вазъи изтирорӣ дар иртибот бо Эрон бояд идома дошта бошад”.

Амрико баъд аз шикасти траҳи иддаосозӣ дар мавзуи ҳастаии Эрон ва имзои БАРҶОМ нишон дод, ки ҳозир нест, аз иқдомоти хасмонаи зидди миллати Эрон даст бардорад. Ба ҳамин далел моҳияти рафторҳои Амрико тағйир накарда ва фақат равишҳо ва сенарияҳо тағйир кардааст.

Амрико бо ин иқдом ду ҳадафро дунбол мекунад. Ҳадафи нахуст идомаи сиёсати эронҳаросӣ дар минтақа аст.

Тамдиди вазъияти изтирорӣ алайҳи Эрон нишон медиҳад, ки аз нигоҳи Амрико Эрон ҳамвора дар ҷойгоҳи як таҳдид қарор дорад. Дар ҳоле, ки агар нигоҳе ба корномаи иқдомоти Амрико зидди Эрон дар ним қарни гузашта шавад, хоҳем дид, ки ин Амрико будааст, ки иқдомот ва сиёсатҳояш ҳамвора манбаи тавлиди таҳдид ва ноамнӣ барои Эрон будааст. Амрико бо лашкаркашӣ ва ишғолгарӣ дар минтақа ва дар ҳамсоягии Эрон аз ҷумла дар Афғонистон ва Ироқ ва соири кишварҳои минтақа, амнияти Эрон ва амнияти ҷамъиро бо мухотироти ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст, ки осори он бо густариш ва рушди терроризм дар минтақа ошкор шудааст. Амрико ба баҳонаи барқарории амният таи се даҳаи гузашта кишварҳои минтақаро даргири масоили қавмӣ ва тоифаӣ кардааст ва бо ҳадафи фурӯши миллиардҳо доллар силоҳ ба кишварҳои арабии минтақаи халиҷи Форс пайваста талош кардааст, монеи ҳамгароии амниятӣ байни Эрон ва кишварҳои минтақа шавад.

Моҳияти тамдиди ҳолати фавқулъода дар иртибот бо Эрон низ бахше аз ин ҷарёни муҳандисишуда аст, ки Амрико баунвони маҳмале барои тавҷеҳи сиёсатҳои ғайри мантиқӣ ва хасмонаи худ алайҳи Эрон аз он истифода мекунад.

Аммо ҳадафи дуввуми Амрико аз тамдиди вазъияти изтирорӣ дар бораи Эрон мухолифати нарм бо матраҳ шудани нақши Эрон дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Акнун бо иҷрои БАРҶОМ, нақши Эрон дар муодилоти минтақаӣ пуррангтар шудааст ва ин тағйир амалан сабаби ташдиди рӯйкардҳои хасмонаи Амрико алайҳи Эрон дар факторҳои дигар шудааст. Амрико бо тарҳи масоиле ҳамчун нигаронӣ аз барномаи дифои мушакии Эрон саъй дорад, таҳдид будани Эронро барои амнияти минтақа илқо кунад.  Муттаҳам кардани Эрон ба ҳимоят аз терроризм низ аз параметрҳоест, ки Амрико барои эъмоли фишор алайҳи Эрон дар дастури кор дорад.

Масъалаи Амрико бо Эрон инқилобӣ будани миллати Эрон ва мавозеи мустақил ва мухолифат бо султагарӣ ва зӯргуиҳои Амрикост. Бадеҳӣ аст то замоне, ки ин вазъият идома дорад, аз дидгоҳи Амрико, Эрон таҳдид маҳсуб мешавад ва вазъияти изтирории Амрико зидди Эрон низ ҳамчунон ҷорӣ хоҳад буд.