Сентябр 13, 2021 15:10 Asia/Dushanbe
  • Тағйири соъати пахши барномаҳои радиои тоҷикӣ

Бо тавваҷуҳ ба қонуни тағйири соъати расмии кишвари Эрон аз соъати сифри бомдоди чаҳоршанбе муаррихи 31 шаҳривари 1400 баробар бо 22 сентябри 2021 барномаҳои радиои тоҷикии Садои Хуросон низ як соъат ба ақиб кашида мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  соъати расмии кишвари Эрон мутобиқи қонун дар поёни шаш моҳи аввали ҳар сол як соъат ба ақиб кашида мешавад ва бар ин асос  пахши барномаҳои радиои тоҷикӣ аз рӯзи чаҳоршанбеи 31 шаҳривари 1400 баробар бо 22 сентябри 2021 ба ҷои соъати 5 : 20 дақиқаи субҳ аз соъати 4 : 20 дақиқа ва дар бахши шомгоҳӣ низ ба ҷои соъати 19 : 50 дақиқа аз соъати 18 : 50 дақиқа оғоз мешавад .
Лозим ба зикр аст ки ин тағирот ба муддати 6 моҳ ва то поёни рӯзи 29 исфанди 1400 ҷорӣ мегардад .

 

Барчасп