Сентябр 14, 2021 09:43 Asia/Dushanbe

Тими «Алҳилол» -и Арабистон дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоии рақобатҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё муваффақ шуд «Истиқлол»-и Теҳронро бо натиҷаи 2 - 0 шикаст диҳад.

Тими футболи «Истиқлол»-и Теҳрон дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии рақобатҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё аз соати 21: 30 дақиқаи дишаб дар варзишгоҳи Иморот бо қазовати Фу Минг, довари саршиноси чинӣ ба масофи «Алҳилол» -и Арабистон рафт, ки ин бозӣ дар ниҳоят бо пирӯзии намояндаи Арабистон ба итмом расид.

Обипӯшон дар шароите тавонистанд ҷавози ҳузур дар дидори муқобили «Алҳилол» -и Арабистонро касб кунанд, ки дар марҳалаи гуруҳӣ бо убур аз тимҳое ҳамчун Аддаҳили Қатар ва Алаҳлии Арабистон ба унвони тими нахуст аз гуруҳи худ суъуд карданд.

Голи пирӯзии бахши тими саъудӣ дар нимаи аввалро Гомез, муҳоҷими фаронсавии Алҳилол дар дақиқаи 38 ба самар расонд ва голи дувуми Алҳилоли Арабистон ба Истиқлолро Солим Аддусори дар дақиқаи 56 ба самар расонд.

 

Барчасп