Сентябр 15, 2021 10:55 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Ба адолат супурдани омилони террори шаҳид Сулаймонӣ сиёсати қатъӣ аст

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ба адолат супурдани омилони террори шаҳид Сулаймонӣ сиёсати қатъӣ аст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар кумитаи вижаи пайгирии ҳуқуқӣ ва байналмилалии парвандаи террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, зимни таъкид бар лузуми пешбурди иқдомоти дар ҳоли иҷро, зинда нигоҳ доштани ёду хотираи сардори шаҳид сипаҳбуд Сулаймонӣ, қаҳрамони миллӣ ва байналмилалии мубориза бо терроризм ва ҳамчунин нақши мақомоту давлати Амрико дар иртикоби ҷинояти нобахшидании террори сардор Сулаймонӣ, эълом кард: Идомаи пайгирии ин парванда ва ба адолат супурдани террористҳои давлатӣ ҷузви сиёсатҳои қатъӣ аст.

Амир Абдуллоҳиён таъкид кард: Вазорати умури хориҷаи Эрон бо азме қотеъ ба вазифаи зотии худ дар пайгирии ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва байналмилалии ин мавзуъ амал хоҳад кард.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси Басиҷи мардумии Ироқ (Алҳашдушшаъби) ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед: