Сентябр 15, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар остонаи шикастани рекорди тазриқи ваксинаи корона дар ҷаҳон

Густариши навъи ҷадиди вируси ҷаҳишёфтаи корона мавсӯм ба “Делта”, ибтило ба ин вируси маргбору зарурати тасреъ дар ваксинаисияро дар бисёре аз кишварҳо ба шиддат афзоиш додааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳудӯди якмоҳ қабл дар суханонии телевизионӣ дар ҳамин хусӯс муқобила бо коронаро масаълаи аввал ва фаврии кишвар хонданд ва таъкад карданд, ваксина чӣ аз роҳи воридот ва чӣ бо тавлиди дохилӣ бояд бо талоши музоъаф ва ба ҳар шакли мумкин таъмин шавад ва дар ихтиёри ҳамаи мардум қарор бигирад.

Иқдомоти фаннӣ ва тахассусӣ дар замина тавлиди воксан ва дипломасӣ барои суфориш ва тасреъ дар воридоти воксан ба мизони мавриди ниёз акнӯн натоиҷи мусбати худро нишон додааст.

Доктор Баҳром Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, рӯзи сешанбе эълом кард, дар канори таъмини воксанҳои дохилии корона ҳамзамон бо афзоиши ҳаҷми қобили тавваҷуҳи воридот, ин ҳафта Эрон рекорди тазриқи воксани коронаро дар ҷаҳон хоҳад шикаст. Ҳамакнӯн рекорди тазриқи воксан дар ихтиёри Олмон бо тазриқи 5 миллион доз дар як ҳафта аст. Маҷмӯи воксанҳои тазриқ шуда дар Эрон акнӯн ба марзи 38 миллион доз расидааст. Ин мизон бо афзоиши тавлиди дохилии воксан то поёни моҳи ҷорӣ ба 50 миллион доз хоҳад расид.

Саидмустафо Саидҳошимӣ, муовини ҳамоҳангии Ситоди иҷроии фармони имом Хумайнӣ (раҳ) рӯзи сешанбе дар ҳамин иртибот аз пешрафти тавлид дар фази дувуми корхонаи "Шифо Формад" хабар дод ва гуфт, ин хати тавлиди воксани “Баракат” бо зарфияти 6 то 8 миллион доз, тайи чанд рӯзи оянда ба баҳрабардории расмӣ мерасад. Тавлиди воксани “Баракат” дар ҳоли ҳозир ба марзи 10 миллион доз расидааст. Ин дар ҳоле аст, ки муҷаввизи тавлиди дохилии панҷи воксани “Синажан”, “Розӣ”, “Постур”, “Фахро” ва  “Баракат” низ содир шудааст.

Маҳори шуюи вируси корона ниёзманди талоши ҷиддӣ ва ҳамоҳанг дар сатҳи ҷаҳонист. Бо вуҷуди пешрафтҳо ва ба самар нишастани даҳҳо пружа барои тавлиди воксани корона дар ҷаҳон, аммо ин савол вуҷӯд дорад, ки оё инҳисорҳои мавҷӯд дар бозори дору иҷозаи дастрасии одилона ба воксани коронаро барои ҳамаи кишварҳо хоҳад дод.

Алиризо Раисӣ, муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар дидор бо Ҷаъфар Ҳусайн, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Эрон ба ҳамин мавзӯ ишора кард ва дар бораи хатари апартеиди воксан дар ҷаҳон ҳушдор дод.

Вай гуфт: "ин бисёр хатарнок аст, ки эълом шавад фақат барои воксанҳои Pfizer, Moderna, Astraznka или Johnson & Johnson, визои сафар ба бархе кишварҳо содир мешавад. Апартеиди воксан, ки бархе кишварҳои бузург дар ҳоли доман задан ба он ҳастанд ҷуз ба сӯди чанд ширкати маъдӯди тавлидкунандаи ин воксанҳо ба нафъи дунё ва саломати мардум нахоҳад буд."

Рӯзномаи “Вашингтон Таймс” дар ҳамин хусӯс ба нақл аз Тедрос Аданом, дабири кулил Созмони ҷаҳонӣ беҳдошт навишт: Ҳамзамон бо ҷаҳиши вируси корона дар ҷаҳон танҳо 0.3 аз захираи воксан ба кишварҳои камдаромад мунтақил мешавад.

Врксан акнӯн ба як маҳсӯли стротежик табдил шудаасту шиори Созмони ҷаҳонии беҳдошт «аввалин воксан, беҳтарин воксан» аст. Дар таҳаққуқи ин шиор дар Эрон талошҳои илмӣ ва таҳқиқотии арзишманде барои сохти воксан анҷом шуда ва иқдомоти такмилӣ дар ин замина ба суръат дар ҳоли пешрафт аст. Изҳороти вазири беҳдошти Эрон таъйиде бар ҳамин нукта аст.

 

Барчасп