Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон сафар кард
Сайид Иброҳими Раисӣ аз Теҳрон ба Тоҷикистон рафт.
Бино ба гузориши радиои тоҷикии "Садои Хуросон", ҳуҷҷатулислом Саидиброҳими Раисӣ аз Теҳрон ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон рафт.
Дар ин маросим муовини аввали раисиҷумҳур Муҳаммад Мухбир ва як қатор вазирон ҳузур доштанд.
Раисҷумҳури Эронро вазирони корҳои хориҷӣ, энержӣ, ҳамкориҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ин нахустин сафари хориҷии як раисиҷумҳур пас аз интихоб шудан ба мақоми раёсатҷумҳурии Эрон аст.
Раисҷумҳур бо даъвати расмии ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат ва суханронӣ дар нишасти сарони СҲШ ба ин кишвар сафар макрд.
Ба ҷуз аз ширкат дар ин ҳамоиш, раисҷумҳур бо сарварон ва роҳбарони ҳайатҳои дар нишасти СҲШ ҳузурдошта мулоқоти дуҷониба хоҳад дошт. Дар ин сафар Президентро як ҳайати баландпояи ҳайати ходимони сиёсиву иқтисодии Эрон ҳамроҳӣ мекунад.
Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2001 бо ҳадафи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъсис ёфтааст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз нозирони он буд.